Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Давлати Кувайт 12 ноябри 2019 дар Палатаи тиҷорат ва саноати ин кишвар Форуми сармоягузорӣ зери унвони “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Сарвазири кишвари мо роҷеъ ба соҳаи сармоягузорӣ, имтиёзҳо барои сармоягузорон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва дигар паҳлӯҳои ин соҳа дар Тоҷикистон суханронӣ намуд. Сипас Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралаизода дар бораи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.
Ҳамчунин Сарвазир ва Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба суолҳои иштирокдорони чорабинӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси палатаи тиҷорат ва саноати Кувайт Абдулваҳҳоб ал-Ваззон, соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои кувайтӣ иштирок намуданд.