Муовини якуми вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Японияро пазируфт

12.11.2019 16:11

12 ноябри 2019 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония 3-5 октябри соли 2018 баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Японияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

S7A9764-12-11-2019-1610.jpg

Нигористон

Тақвим