Ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин

11.11.2019 17:39

9 ноябри 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар толори Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод тантанаи идона ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди муҳассилини тоҷикистонии донишгоҳҳои шаҳри Пекин ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии идона Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдодҳои таърихӣ табрик намуда, роҷеъ ба моҳияти асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлатдорӣ, саҳму талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими ҳукумати кишвари ҷавону соҳибистиқлоламон, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун, оид ба дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Композитсияи адабӣ-мусиқии “Ватан” дар иҷрои гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳрии Пекин ҳамчун беҳтарин дастовези идона аз ҷониби иштирокдорон истиқбол гардид.

Дар ҳошияи баргузории маҳфили шавқовари саволу ҷавоб ғолибон муайян гардида, донишҷӯёни фаъолу ғолибони озмун аз ҷониби Сафорат бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

obsh-aya-11-11-2019-1738.jpg

Нигористон

Тақвим