Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио

11.11.2019 15:05

9 ноябри 2019 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Япония чорабинӣ баргузор гардид.

Дар оғози он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов ҳамватанонро ба муносибати ҷашни муҳимми давлатӣ табрику таҳният гуфта, доир ба таърихи қабули Конститутсия, аҳаммияти он ҳамчун санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва таъмини волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

3333-11-11-2019-1504.jpg

Нигористон

Тақвим