8 ноябри 2019 мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Шаҳрдори Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Ниёзӣ Байрамов баргузор гардид.
Дар он мулоқот ҷонибҳо густариши босуръати муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар заминаи Созишномаи бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Ганҷа дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ, маориф ва гуманитарӣ, инчунин фароҳам овардани шароит ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ширкатҳои шаҳри Ганҷа эълон намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо баҳри ҳалли масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои мушаххасро роҷеъ ба ташкили сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои соҳибкорон, намояндагони фарҳанг ва маориф миёни ду шаҳри бародаршаҳр муҳокима намуданд.