8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаи консулӣ баррасӣ карда, ба зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои консулӣ миёни ду кишвар мувофиқат намуданд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муҳоҷират, маориф ва таҳияи раводид дода шуд.
Машваратҳои консулӣ дар фазои анъанавии дӯстона ва созанда баргузор гардида, аз натиҷа протокол ба имзо расид.