6 ноябри соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии кишвари иқомат (SDE) Конфронси илмӣ таҳти унвони "Конститутсия, давлат ва Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар кори Конфронс аъзни Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия, устодони факултаҳои ҳуқуқи донишгоҳҳои Анқара, коршиносони алоҳида ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Зимни Конфронс оид ба вижагиҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муштаракоти он бо конститутсияҳои кишвари иқомат ва дигар кишварҳои хориҷӣ баҳси илмӣ сурат гирифт.