Тавсеаи ҳамкориҳо бо шаҳри озоду бандарии Ҳамбурги Олмон

07.11.2019 11:39

4 ноябри 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар доираи боздидҳои  илтифотӣ ба шаҳри бандарии Ҳамбург сафар кард.

Cафир дар суҳбат бо ваколатдори шаҳри Ҳамбург дар назди Иттиҳоди Аврупо, Федератсия ва оид ба робитаҳои хориҷӣ Алмут Мёллер роҷеъ ба рушди кишвар ва ислоҳоти Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ иттилоъ дода, ҳавасмандии кишварашро оид ба диверсификатсияи сарчашмаҳои иқтисодӣ иброз намуд. Сафир изҳор дошт, ки доираҳои соҳибкории шаҳри бандарии Ҳамбург метавонанд аз афзалиятҳои гумрукиву андозӣ ва минтақавҳои озоди иқтисодӣ истифода бурда дар раванди саноатикунонии Тоҷикистон иштирок намоянд. Хонум Мёллер баргузории Форуми ҳамасолаи иқтисодии Наврӯз дар Ҳамбургро барои муаррифии бештари Тоҷикистон ва зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии он муҳим арзёбӣ намуд.

Худи ҳамон рӯз дар Палатаи тиҷорат ва саноати Ҳамбург муаррифии зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо назардошти сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда, маҳсулоти кишоварзӣ, қувваи кории арзон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ  ҷонибҳо роҷеъ ба имкони воридсозии муосиртарин дастовардҳои фаннии ширкатҳои олмонӣ дар равандҳои саноатикунонӣ, имкони истифодаи зерсохторҳои мавҷуда ва такмили ихтисос мубодилаи афкор анҷом доданд.

Бандари Ҳамбург бузургтарин бандари Олмон ва аз лиҳози ҳаҷм дуюмин бандари бузурги Аврупо ба ҳисоб меравад. Он дар робитаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо нақши муҳим дорад.

frau-moeller-07-11-2019-1138.jpg

Нигористон

Тақвим