Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ

04.11.2019 15:12

1 ноябри 2019 дар Ашқобод Нӯҳумин ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ роҳбарӣ намуд.

Ҷонибҳо муносибатҳои дӯстонаи ҳамҷавории ду кишварро қайд карданд. Таъкид гардид, ки омили асосии рушди минбаъдаи ҳамкорӣ муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олии давлатӣ мебошад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди минбаъдаи тамоми муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, иҷрои аксари қарорҳои ҷаласаи қаблиро қайд карданд.

Дар натиҷаи мулоқот протокол ба имзо расид, ки майлу хоҳиши тарафҳоро дар густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи истифодаи оқилонаи имконоти нақлиётӣ ва транзитӣ ва тавсеаи имконоти коммуникатсионии ду кишварро инъикос мекунад.

Мулоқот чун анъана дар фазои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ баргузор гашт.

IMG-0689-04-11-2019-1511.jpg

Нигористон

Тақвим