Ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

01.11.2019 13:33

31 октябри 2019 дар Ашқобод ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, масъалаҳои такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва инчунин ҳамкории хадамоти консулии ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд.

Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва созанда баргузор гардид.

IMG-0625-01-11-2019-1332.jpg

Нигористон

Тақвим