30 октябри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо аъзои ҳайати Шӯрои мудирони Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб таҳти роҳбарии Мудири кул Абдулваҳҳоб ал-Бадр сурат гирифт, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳҳои густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳо, такмили фазои сармоягузорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо фаъолияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти арабро дар самти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт баланд арзёбӣ карданд ва саҳми назарраси ин Фондро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ҷиҳати тақвияти иқтидори иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва сармоягузории Тоҷикистон равона шудаанд, қайд карданд.