25 октябри 2019 дар Боку дар ҳошияи Ҳаждаҳумин иҷлоси сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Малдив Абдуллоҳ Шоҳид баргузор гардид.
Дар ҷараёни он мулоқот муносибатҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, ба вежа гардишгарӣ баррасӣ гардида, перомуни ҳамкории Тоҷикистон ва Малдив дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид татбиқ намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди пойдор”, солҳои 2018-2028 мубодилаи афкор сурат гирифт.