Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё

25.10.2019 17:01

22 октябри соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саъид баргузор гардид.

Бо дарназардошти сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар ҷониби кувайтӣ аз баргузории сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кувайт истиқбол намуда, онро фурсати нек барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯст унвон кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва вазъи минтақа баррасӣ гардида, перомуни мавзӯъҳои барои ҳарду ҷониб муҳим табодули афкор сурат гирифт.

Mid-25-10-2019-1700.jpg

 

Нигористон

Тақвим