Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Бундестаги Олмон

23.10.2019 17:48

22 октябри 2019 дар Берлин дар остонаи баргузории машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон ва ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ-тиҷоратӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Раиси Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар Бундестаги Олмон Петер Рамзауер мулоқот намуд.

Сафир лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумати федеролӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд,  тимсоли беҳтарини  шарокат дар соҳаи рушд миёни кишварҳо  номида, изҳор дошт, ки идомаи созандаи он ба Тоҷикистон дар самти беҳтарсозии зерсохтори иҷтимоӣ ва афзоиши занҷираи арзиши изофа мусоидат хоҳад кард.

Петер Рамзауер бо ишора ба сафари кории чанде пешаш ба Тоҷикистон қайд кард, ки  таъсиси муассисаҳои таълимӣ ва иншооти тиббӣ, нерӯгоҳҳо ва дигар зерсохтори иҷтимоӣ ба он далолат мекунанд, ки Тоҷикистон дар роҳ ба самти рушди босубот қарор дорад.

Петер Рамзауер аз дархости Сафир роҷеъ ба мусоидат дар ташкили ҳамоишҳои соҳибкорон ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими доираҳои иқтисодии Тоҷикистон ва ҳавзаи интихоботии Бавария истиқбол намуд.

Surati-Vokhuri-Safir-bo-Vakili-Bundestag-23-10-2019-1824.jpg

 

Нигористон

Тақвим