Иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар маросими тоҷгузории Императори Ҷопон

22.10.2019 11:56

22 октябри 2019 дар шаҳри Токио Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маросими тоҷгузории Императори Ҷопон Наруҳито, ки дар толори “Сейден”-и Кохи Императори Ҷопон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар маросими тоҷгузории Императори Ҷопон беш аз дусад намояндаи воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳузур доштанд.

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим