Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Фанчэнган

17.10.2019 16:58

16 октябри соли 2019 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни иштирок дар Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси шаҳри соҳилии Фанчэнгани Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Бан Ҷунбай вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва шаҳри Фанчэнган, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ ва дар доираи Минтақаи бунёдшавандаи санҷишии байналмилалӣ оид ба рушди тиб барои ҳамкории шаҳри Фанчэнган бо давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуданд.

1017-2-17-10-2019-1657.jpg

Нигористон

Тақвим