15 октябри соли 2019 дар шаҳри Наннин Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни иштирок дар Ҳафтумин Форуми ҳамкориҳои Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси ноҳияи мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Чэн У вохӯрӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди батадриҷи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамсоягии нек, тавсеа ёфтани робитаҳои байниминтақавиро, ки яке аз самтҳои асосии шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон имрӯзҳо фазои мусоиди сармоягузорӣ ва потенсиали калони ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун фароҳам оварда шудаанд ва ҳарду ҷонибро мебояд имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, инчунин барқарорсозии муносибатҳои бародариро байни шаҳру ноҳияҳои ҷонибҳо баррасӣ намоянд.