Мулоқот дар Парлумони Аврупо

15.10.2019 16:00

14 октябри соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо вакилони тозаинтихоби Парлумони Аврупо, аъзои Ҳайати навтаъсиси парлумонӣ оид ба равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Мулоқотро Раиси ҳайат, вакил аз Италия Фулвио Мартучелло ифтитоҳ намуд ва сипас дар назди ҳозирин Сафири Тоҷикистон суханронӣ карда, дар бораи рӯйдодҳои сиёсии кишвар ва вазъи иқтисодию иҷтимоии он иттилооти мушаххас ироа намуд. Зимни суҳбати гарму самимӣ фазои иқтисодии Тоҷикистон, ки барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам овардааст, мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Хатарҳо ва чолишҳои муосири дар минтақа ҷойдошта, ки бештари онҳо табиати глобалӣ доранд ва ба ҳамкориву ҳамёрӣ барои ҳаллу фаслашон ниёз доранд, бахши дигари гуфтугӯҳоро ташкил дод.

Дар фарҷом барномаи сафари қарибулвуқуи аъзои ҳайати Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон баррасӣ шуд. Изҳори итминон шуд, ки он ҷиҳати таҳкими равобити серҷанба ва муассири Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо хидмат хоҳад кард.

IMG-3516-15-10-2019-1559.jpg

 

Нигористон

Тақвим