Дидори Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Кувайт

14.10.2019 14:28

14 октябри 2019 мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нассор Абдурраҳмон ал-Мутайрӣ, ки дар Исломобод қароргоҳ дорад, баргузор гардид.

Дар он дидор зимни баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун, мусоҳибон изҳори умедворӣ намуданд, ки нахустин Ҳафтаи фарҳанги Кувайт, ки қарор аст, фардо дар Душанбе расман ифтитоҳ гардад, бомуваффақият баргузор шавад.  

IMG-4327/1410.1427.jpg

 

Нигористон

Тақвим