13 октябри соли 2019 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Шарҷа Абдуллоҳ Султон ал-Увайс ва Мудири кулли Палата Муҳаммад Аҳмад Амин баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ суҳбат намуданд.
Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вохӯриҳои доираи соҳибкорони Тоҷикистону Шарҷа танзим гардида, барои иштироки корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва бизнес-форумҳои гуногун мусоидат расонида шавад.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон инчунин аз намоишгоҳи доимоамалкунандаи Палатаи савдо ва саноати Шарҷа дидан намуданд. Ҷонибҳо барои мусоидат дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.