10 октябри 2019 дар Ашқобод ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Дар ҷаласаи мазкур вазирони корҳои хориҷии ИДМ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минбаъди кишварҳои созмонро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдорро вобаста ба мавзӯъ қабул карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои таъмини амнияту субот дар минтақа, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ҷалб намуд.