Вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия

11.10.2019 16:11

10 октябри 2019 дар Ашқобод дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Вазирони кишварҳои хориҷии ИДМ вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мубодилаи афкор роҷеъ ба мавзӯи ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, башарӣ ва ғайра сурат гирифт.

Дар ҷаласа ҷониби Тоҷикистон дар бораи зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, сармоягузорӣ изҳори назар карда, ба масъалаҳои паёмадҳои тағйири иқлим, ҳифзи муҳити зист ва мудирияти муассири марзҳои давлатӣ ишора намуд.

Нигористон

Тақвим