6 октябри 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари расмӣ намуд.
Дар доираи он сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов ва Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева мулоқот кард.
Дар мулоқотҳои судманду самимӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки парламентҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар раванди инкишофи ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ,тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон пайваста саъйю талош менамоянд.
Худи ҳамон рӯз Созишнома байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкории байнипарламентӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва Раиси Палатаи қонунгузор Нурдинҷон Исмоилов ба имзо расид.