Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲИ

08.10.2019 12:42

5 октябри 2019 мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Ҳодӣ Сулаймонпур доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СҲИ дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика ва муҳити зист, саноат ва фанноварӣ, кишоварзӣ ва туризмро баррасӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот Дабири кулли СҲИ аз фаъолияти Созмон дар давраи раёсати Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷӣ гузориш пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар масъалаҳои тадорукоти ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони СҲИ, ки баргузории он моҳи ноябри 2019 дар Анталия ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд.

PS7A8821-08-10-2019-1242.jpg

Нигористон

Тақвим