Сафари гурӯҳи сафирони САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.10.2019 10:58

7 октябри соли 2019 гурӯҳи 16-нафараи сафирони кишварҳои иштироккунандаи САҲА дар чаҳорчӯби сафари худ ба Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Барномаи васеи сафари сафирон дар Тоҷикистон аз вохӯрӣ бо Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оғоз ёфт. К. Расулзода меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки сафари мазкур далели рағбат ва майли муштарак барои ноил шудан ба ҳадафҳои САҲА дар таъмини сулҳу субот дар паҳнои васеи Созмон мебошад.

Дар нимаи якуми рӯз гурӯҳи сафиронро инчунин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ С. Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои мутақобила дар чаҳорчӯби САҲА ва таъмиқи онҳо дар се самти фаъолияти Созмон аҳаммияти хосса медиҳад. Дар вохӯрӣ табодули афкори амиқ оид ба чолишу таҳдидҳое, ки САҲА ва иштирокчиёни он ба онҳои дучоранд, сурат гирифт. Сафирон ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба ҳам овардани тадбирҳои байналмилалӣ ба мақсади муқовимат бар зидди терроризм ва маблағгузории он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама дар чаҳорчӯби чорабиниҳои сатҳи баланди “раванди Душанбе” баҳои баланд доданд. Ғайр аз ин, сафирон натиҷаҳои раёсати Тоҷикистонро дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА дар соли равон сутуданд.

Дар ҳошияи сафари сафирон мизи мудаввар дар мавзӯи “Муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир” баргузор гардид. Чорабинии мазкур имкон фароҳам овард, ки муҳокимаи мавзӯи тадбирҳои андешидашуда ва саҳми Тоҷикистон дар амалисозии рӯзномаи ҷории САҲА идома дода шавад. Дар чаҳорчӯби чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Барномаи сафари гурӯҳи сафирон инчунин боздид аз Маркази навтаъсиси омӯзишӣ доир ба минаҳои назди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва қароргоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар гирифт. Сафирон бо фаъолияти амалии ин муассисаҳо ҷиҳати минарӯбӣ, нобуд кардани аслиҳаи одӣ ва инчунин анҷом додани амалиёт оид ба муқовимат зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқи он шинос шуданд.

Пас аз анҷоми сафари корӣ гурӯҳи сафирон аз Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе дидор кард, ки зимни он бо фаъолияти Коллеҷи сарҳадии САҲА ба муносибати ҷашни 10-солагии фаъолияташ шинос шуда, инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ барпо кард.

Ҳайати меҳмонон аз сафирони Словакия (кишвари дар САҲА раисикунанда), Италия (ҳамоҳангсози гурӯҳ), Австрия, Афғонистон, Белгия, Исландия, Испания, Португалия, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Черногория, Шветсия, Эстония, Иттиҳоди Аврупо ва инчунин намояндагони Марказ оид ба пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА иборат буд.

PS7A8910-2-08-10-2019-1056.jpg

Нигористон

Тақвим