Мизи гирд ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

07.10.2019 17:31

5 октябри 2019 дар бинои Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ мизи гирд дар мавзӯи: “Забон оинаи миллат” баргузор шуд.

Дар он маҳфил олимону муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Тошканд, намояндагони корпуси дипломатӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ дар суханони ифтитоҳии худ дар бораи мулоқоти ахири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму адаб ва инчунин вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва доираҳои илмӣ дар мавриди мутобиқгардонии забон ба шароити муосир ва таҳкими пояи илмии он иттилоъ дода, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба нақши бузурги забон дар низоми давлатдорию пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону донишмандони тоҷик, ки ба шарофати онҳо рушду пойдории забони форсӣ-тоҷикӣ барои наслҳои баъдӣ таъмин гардид, қайд шуд.

Дар поёни чорабинӣ донишҷӯёни макотиби олии Ӯзбекистон, ки  дар бахши забони форсӣ-тоҷикӣ таҳсил мекунанд, аз эҷодиёти адибони классикию муосири тоҷик бо забони асл намунаҳо қироат карданд.

IMG-5536-07-10-2019-1731.jpg

Нигористон

Тақвим