Мулоқоти Сафир бо Вазири давлатии ҳавопаймоии мадании Ҳиндустон

07.10.2019 13:26

4 октябри соли  ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳури Ҳиндустон  Султон Раҳимзода бо Вазири  давлатии ҳавопаймоии мадании Ҳиндустон Ҳардип Сингҳ Пурӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот атрофи мавзӯи таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи ҳавопаймоии маданӣ мубодилаи афкор  сурат гирифт.

Ҷонибҳо  аз ҷумла мавзӯи барқарор намудани парвозҳои мустақим  миёни пойтахтҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

71201020-525037741675343-4952553069922484224-n-123123123.jpg

 

Нигористон

Тақвим