Баргузории Мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2019 10:44

3 октябри соли 2019 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, Мизи мудаввар дар мавзӯи: “Забони тоҷикӣ – таърихи ташаккул ва рушди минбаъда” баргузор шуд.

Дар он маҳфил олимону коршиносони соҳаи забоншиносии муассисаҳои илмӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Россия, устодон ва донишҷуёни донишгоҳҳои Москва, намояндагони корпуси дипломатӣ ва шахсони дар солҳои гуногун дар Тоҷикистон хидматкарда, иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия Имомуддин Сатторов ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии табрикӣ, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши бузурги забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорию пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар, ҳанӯз аз замони давлатдории Сомониён ва дар давраи минбаъда, ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, қайд карда шуд.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин дар бораи саъю талошҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ анҷом додааст суҳбат кард. Дар зимн, роҷеъ ба ғамхорию ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошт ва рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ маълумоти муфассал манзур гардид. Махсусан таъкид шуд, ки нақши муҳим ва мақоми воқеан давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон, бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад.

Дар идомаи маҳфил олимону забоншиносони Россия ва дигар меҳмонон дар бораи пажуҳишҳои муштараки илмӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи улуми забоншиносӣ ва дастхатшиносӣ табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ аз сатҳи робитаҳои имрӯза, ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва фарҳангистони ду давлат боз ҳам тавсеа дода шавад ва ҷиҳати тарҷумаи адабиёти тоҷик ва дигар эҷодиёти таърихӣ мусоидат сурат гирад. Зеро ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашудае ҳаст, ки татбиқи он метавонад дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва табодули маълумот, ба манфиати ҷонибҳо хидмат намояд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби донишҷуёни рус, ки дар бахшҳои омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ таълим мегиранд, аз эҷодиёти адибони классикию муосир бо забони ноби тоҷикӣ қироат карда шуд.

IMG-1197-05-10-2019-1320.jpg

 

Нигористон

Тақвим