Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи хизматчиёни дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.10.2019 18:52

2 октябри 2019 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии кишвар дар назди иштирокчиёни маҷлис бо сухани табрикӣ баромад кард. Вазир аз таърихи таъсиси рӯзи касбии дипломатҳои тоҷик, ки ҳар сол 29 сентябр таҷлил мегардад, ёд оварда, изҳор дошт, ки маҳз дар ҳамин рӯз соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз минбари баланди Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нақшаҳои созандаи давлати мустақил паём дод. С. Муҳриддин нақши Сарвари Давлатро дар ташаккулёбӣ ва таҳкими сиёсати хориҷии кишвар қайд карда, афзуд, ки ҳадафҳои асосӣ дар ин самт, ки ба ҳифзи манфиатҳои олии кишвар ва ба кор бурдани тамоми имконоти зарурӣ ҷиҳати бунёди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори бисёрнақша нигаронида шудаанд, дар ояндаи дарозмуҳлат бетағйир боқӣ мемонанд

Вазири корҳои хориҷӣ вазифаҳои наверо, ки аз тарафи роҳбарияти кишвар дар назди кормандони хизмати дипломатӣ дар партави рушди босуръати иқтисод ва дигар самтҳои ҳаёти кишвар гузошта мешаванд, ироа намуд. Ӯ таъкид дошт, ки барои сифатан хуб амалӣ намудани вазифаҳои гузошташуда кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷ бояд тамоми кӯшишҳои имконпазир, малака ва маҳорати худро ба кор баранд, то Тоҷикистонро дар сатҳи олии ҳирфавӣ муаррифӣ кунанд.

Пас аз анҷоми маҷлис С. Муҳриддин ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки натиҷаҳои хуб нишон додаанд, сипосномаву ифтихорномаҳои Вазоратро супурд. Ҳамчунин маросими қасамёдкунии дувоздаҳ нафар кормандони ҷавони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

S7A8302-04-10-2019-0950.jpg

Нигористон

Тақвим