1 октябри соли 2019 дар меҳмонхонаи "Йылдыз" ш. Ашқобод ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, ҳайати дипломатии муқими Ашқобод, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Туркманистон, доираҳои тиҷоратии кишвари иқомат, аҳли илму фарҳанг инчунин тоҷикони муқими Туркманистон баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода аз дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, аз ҷумла миқёси гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ва ҳадафҳои стратегии он, инчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Туркманистонро қайд намуд.
Дар чорабинии мазкур меҳмони фахрӣ Раиси Ҳизби демократии Туркманистон Ата Сердаров суханронӣ намуда аз номи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Роҳбарияти олӣ ва мардуми Тоҷикистонро бо таҷлили солгарди рӯзи Истиқлолияти Давлатӣ табрику таҳният гуфта, оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои нақшаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар зикр намуд.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи миллӣ бо ифтихори “соли рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, маводҳои саёҳӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.