Давраи омӯзишӣ оид ба таҳия ва бозбинии таъсисоти таърихию фаҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи пешакӣ ва муваққатии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО

03.10.2019 13:44

Бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато 1-4 октябри соли 2019 дар шаҳри Гулистон давраи омӯзишӣ оид ба таҳия ва бозбинии таъсисоти таърихию фаҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Феҳристи пешакӣ ва муваққатии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҷойгир шудаанд, доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ мусоидати кормандони соҳаи дахлдори  маҳаллӣ дар ҳифз ва идоракунии таъсисоти таърихӣ ва фарҳангии мероси ҷаҳонӣ, фароҳам овардани фаҳмиши мафҳум ва равандҳои Конвенсияи байналмилалии ҳифзи мероси ҷаҳонӣ; муҳокимаи масъалаҳо ва мушкилиҳои мушаххасе, ки давлатҳои аъзои Осиёи Марказӣ дар раванди рушди шаҳрҳо ва ҳифзи мероси онҳо рӯ ба рӯ мегарданд; густариш додани алоқа ва ҳамкорӣ байни мутахассисони соҳаи ҳифзи мероси ҷаҳонӣ мебошад.

Дар фарҷоми давраи омӯзишӣ иштирокчиён таҳияи марҳилавии тарҳрезии харитаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ,  навиштани нақшаи идоракунии онҳо, дарки хубтари Конвенсияи мероси умумиҷаҳонӣ, аҳаммияти ҳифзи таъсисоти мероси ҷаҳонӣ, малакаи тартиби лоиҳаи нақшаҳои идоракунии мавзеъҳои таърихиро омӯхтанд.

ISA-3672-1-03-10-2019-1343.jpg

Нигористон

Тақвим