Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷӣ дар Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон

02.10.2019 13:27

1 октябри соли 2019 мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо директори иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ҷаноби Михаил Ҳармс баргузор гардид.

Имкони вусъати ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои гуногуни иктисодӣ, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва бахши энергетикӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳое ба шумор мерафтанд, ки мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Музаффар Ҳусейнзода зикр намуд, ки Тоҷикистон бо назардошти роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои мухталиф барои доираҳои соҳибкориву сармоягузорон шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Ӯ аз роҳбари Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон, ки зиёда аз 200 ширкатҳоро муттаҳид намудааст, даъват ба амал овард, ки дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона ширкат намоянд.

Ostausschuss-1-02-10-2019-1326.jpg

Нигористон

Тақвим