1 октябри соли 2019 дар шаҳри Берлин Машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Германия оид ба Аврупои Шарқӣ, Осиёи Миёна ва Қафқоз Михаил Зиберт баргузор гардиданд.
Зимни машваратҳо маҷмуи васеи масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Германия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф, муҳоҷират ва амният баррасӣ гардида, ҷонибҳо рағбати худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона баён карданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ низ бозтоб гардиданд.