30 сентябри 2019 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шунавандагон ва ҳайати профессорону омӯзгорони он бо собиқадори соҳаи дипломатияи кишвар, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Талбак Назаров ба муносибати Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон доир гардид. Академик Талбак Назаров зимни суханронияш аз таърихи ташаккули соҳаи дипломатия дар Тоҷикистон ва рушду нумӯи сиёсати хориҷии он зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назди донишҷӯёну муҳассилини Академия суханронӣ кард. Ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва собиқ Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки дар вохӯрӣ ширкат доштанд, суханронӣ намуданд.