29 сентябри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Баҳодур Шарифӣ ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо Директори генералии мақомоти ваколатдори АМА оид ба стандартизатсия ва метрология Абдулло Абдулқодир ал-Маъинӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои роҳандозӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти ваколатдори ду кишвар ва таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.