Чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”

30.09.2019 11:16

27 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи СММ бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” баргузор гардид. Яке аз ҳадафҳои асосии чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм (16-17 майи 2019) маҳсуб меёфт.

Ҳамоиши мазкур таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва дар ҳамкорӣ бо ҳайатҳои Канада, Испания, Қатар, Перу, Қазоқистон, Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) доир шуд. Дар мулоқот намояндагони зиёда аз 50 кишвари аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо суханони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Муовини Дабири Кулли СММ оид ба мубориза бо терроризм В. Воронков ҳусни оғоз ёфт. Дар рафти он ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Маҷористон, Қирғизистон, Котиби давлатии Испания, муовинони вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Филиппин ва фиристодагони вежа оид ба мубориза бо терроризми Давлати Қатар, Индонезия ва дигар намояндагони воломақоми ҳайатҳои кишварҳои аъзои СММ суханронӣ намуданд. Аксарияти иштирокчиён натиҷаҳои Конфронси Душанберо мусбат арзёбӣ намуда, саҳми Тоҷикистонро дар ин самт тазаккур карданд.

Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ натиҷаҳои Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи 2019, ш. Душанбе)-ро муаррифӣ намуд. Сарвазири кишвар инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза зидди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб намуд.

IMG-0767-30-09-2019-1115.jpg

Нигористон

Тақвим