Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

30.09.2019 11:06

27 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.

Зимни ҷаласа  масоили пешбарии иқдомҳои кишварҳои аъзои СААД дар чаҳорчӯби иҷлоси феълии Маҷмаи Умумии СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин дар ҷараёни ҷаласа мубодилаи созандаи афкорро дар атрофи масоили мубрам анҷом доданд.

SCTO-UNGA-74-30-09-2019-1106.png

Нигористон

Тақвим