Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ҳайати Донишгоҳи шаҳри Пекин

27.09.2019 11:29

26 сентябри соли 2019 Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ҳайати Донишгоҳи шаҳри Пекинро таҳти роҳбарии Раиси Донишгоҳи мазкур Лин Лиу ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар самти илму маориф ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд. Таъкид шуд, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасони тоҷик барои таҳсил дар макотиби олии чинӣ ва баръакс, рағбати олимони ҷавони Чин барои омӯзиши таърих, забон ва фарҳанги тоҷикон зиёдтар мегардад.

Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои судманди ҳамкорӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати амалӣ шудани пешниҳодҳои ҳамкорӣ таъкид карданд.

1-7-27-09-2019-1128.jpg

 

Нигористон

Тақвим