Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ ба бузургдошти солгарди Мавлоно

26.09.2019 17:59

24 сентябри соли равон дастаи ҳунарии овозхони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки бо даъвати ҷониби туркӣ ба Туркия ташриф оварда буд, дар Ҷашнвораи байналмилалии 16-уми мусиқии орифона ба бузургдошти солгарди 812 - уми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳунарнамоӣ кард. Дар зимн намунаҳои барҷастаи ашъори Мавлоно пешкаши ҳозирин карда шуд.

Ин Ҷашнвора бо ибтикори устондори Кунияи Ҷумҳурии Туркия 22-30 сентябри соли равон дар он шаҳр баргузор шуд. Бар асоси барномаи Ҷашнвора як рӯзи он барои ҳунарнамоии дастаи ҳунарӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шуда буд. Ҳунарнамоии дастаи ҳунарии кишвар аз истиқболи тамошобинон бархӯрдор гардид.

IMG-7274-26-09-2019-1800.jpg

Нигористон

Тақвим