Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кул - Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ

25.09.2019 14:46

24 сентябри 2019 дар ш.Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кул-Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, ба вежа Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.

IMG-2430-25-09-2019-1441.jpg

Нигористон

Тақвим