23 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо хонум Екатерина Заҳариева, Муовини Сарвазир оид ба ислоҳоти судӣ ва Вазири корҳои хориҷии Булғористон мулоқот намуд.
Ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористонро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди самтҳои нави ҳамкориҳо дар ҳошияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар робита ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм мубодилаи афкор анҷом доданд.