Мулоқот бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

24.09.2019 10:07

23 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои кишвар бо САҲА ва зерсохторҳои он, аз ҷумла Котибот ва Форуми ҳамкории амниятӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дабири кулли САҲА раёсати Тоҷикистонро дар Форуми ҳамкории амниятӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар ҳошияи анҷумани мазкур даъват ба амал овард.

IMG-2402-24-09-2019-1006.jpg

Нигористон

Тақвим