Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Кувайт

21.09.2019 12:21

18 сентябри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ад-Дувайшӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ, доираҳои илмӣ ва баргзории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Muovini-Dabiri-kulli-SHuroi-millii-farhang-21-09-2019-1221.jpeg

Нигористон

Тақвим