Мулоқот бо Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Индонезия

20.09.2019 10:47

19 сентябри 2019 дар Душанбе мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия Фахрӣ Ҳамза баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия дар заминаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба аҳаммияти робитаҳои байнипарлумонӣ дар густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ва Индонезия имкониятҳои фаровон бобати таҳким ва тавсеаи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун доранд.

Ҳайати парлумонии Индонезия зимни сафар ба Тоҷикистон аз маконҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар дидан намуд.

PS7A7715-19-09-2019-1046.jpg

 

Нигористон

Тақвим