Дидори Сафири Тоҷикистон бо Шайхи Азҳари Шариф

24.09.2014 16:27

23 сентябри соли 2014 Имоми Акбар ва Шайхи Азҳари Шариф д-р Аҳмад Тайиб Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро дар қароргоҳи худ дар Қоҳира ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти мазкур, ки дар он инчунин Вазири авқофи Миср ҳузур дошт, дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Азҳари Шариф баррасӣ гардид.

Шайхи Азҳар аз ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бузургдошти Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ёдовар шуда, нақши он ибтикорро дар тарғиби арзишҳои ростини дини мубини Ислом, ки хушунату тундгароиро намепазирад, сутуд.

Шайхи Азҳар барои тақдими китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар ойинаи таърих”, ки дар Миср дар чаҳор ҷилд ба забони арабӣ чоп шудааст, изҳори сипос намуд. Ҷилди чаҳоруми китоби мазкур ба давраи исломии таърихи тоҷикон ихтисос дорад.

Дидори Сафири Тоҷикистон бо Шайхи Азҳари Шариф

Нигористон

Тақвим