18 сентябри 2019 дар Анқара мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Мудири кулли бахши электротехника ва электроникаи ширкати “Siemens Sanayi ve Ticaret A.Ş. Gas and Power”-и Ҷумҳурии Туркия Левент Динчер баргузор гардид. Дар мулоқот пиромуни имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди манфиати тарафайн табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи энергетика, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои муштарак дар ин соҳаҳоро баррасӣ намуданд.