17 сентябри 2019 дар шаҳри Варшава дар ҷаласаи сеюми кории ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба муассисаҳои демократӣ, аз ҷумла демократия дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ, инчунин интихоботи демократӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода суханронӣ кард.
Дар суханронияш ӯ аз дастовард ва пешравиҳо дар такмили муассисаҳои демократӣ ва қонунгузорӣ оид ба интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи раванди иҷрои тавсияҳои Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА суҳбат орост. Ӯ ширкати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА-ро дар раванди интихобот дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ кард.