13 сентябри 2019 дар Ашқобод ҷаласаи 83-юми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи муовинони Сарвазирҳои кишварҳои узви Иттиҳод баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми Сарвазири кишвари мо, раиси Шӯрои иқтисодии ИДМ Давлаталӣ Саид иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим дар муносибатҳои иқтисодии давлатҳои узви Иттиҳод, аз ҷумла лоиҳаи Эъломия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии стратегӣ, масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Аъзои Шӯрои иқтисодӣ қарор намуданд, ки ҷаласаи навбатии он 6 декабри соли 2019 дар шаҳри Москва баргузор гардад.