7 сентябри соли 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нур-Султон ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон М. Сиздиков, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Нур-Султон қарор доранд, олимон, ходимони фарҳанг ва санъат, рӯзноманигорон, инчунин шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷики муқими Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар чорабинии ҷашнӣ инчунин ҳайатҳои кории мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар таҳти сарварии Муовини вазири адлия Ш. Нодирӣ, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Қодирзода ва Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар Н. Қосим, ки дар доираи сафарҳои хизматӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доштанд, ширкат варзиданд.
Чорабиниро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода оғоз бахшида, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлол суханронӣ намуд ва ҳамватанонро ба фарорасии 28-солагии ҷашни фархунда муборакбод намуд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон М.Сиздиков зимни суханронии табрикии худ ба рушди ҳамкориҳо байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ин давраи барои ҳарду кишвар тақдирсоз ишора карда, табиати стратегию эътимодноки муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуд.
Дар доираи чорабиниҳои рӯзи 9 сентябри соли 2019 дар бинои Сафорат пахши мустақими маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО Роғун, инчунин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.