20 сентябри соли 2014 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо мири ш. Намури Шоҳигарии Белгия (ҳамзамон ноиби Раиси Ҳукумати вилояти Валлония) Максим Прево баргузор гардид.
Мақсад аз мулоқот идомаи гуфтушунидҳои доимии миёни ҷониби Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Намур роҷеъ ба рушди муносиботи миёни шаҳри Намур ва бародаршаҳри он шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб мерафт.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории миёни ду бародаршаҳрро баррасӣ намуда, ба хотири густариши робитаҳои бародаршаҳрии Намур ва Кӯлоб роҳандозии як силсила чорабиниҳоро муҳокима карданд.